Somon Air
Main menu
>
About us
>
Vacancies

Мутахассис – супервайзер дар ФБ Душанбе ва Хуҷанд

Талабот ба довталабон

  • Маълумоти олӣ ё миёнаи касбӣ (соҳаи авиатсия, техникӣ, навигатсия, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ);
  • Собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи авиатсия;
  • Доштани шаҳодатнома / литсензияи диспетчери парвоз (Flight Dispatcher / Flight Operations Officer);
  • Доштани малакаи хуби банақшагирии парвозҳо, таҳлили шароити обу ҳаво, ҳисобкунии хусусиятҳои парвозу фуруд дар фурудгоҳҳо, кор бо системаҳои навигатсионӣ ва метеорологӣ,  назорати иҷрои парвоз ва қабули қарорҳо дар ҳолатҳои ғайристандартӣ;
  • Донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
  • Малакаи хуби муошират ва қобилияти ба роҳ мондани ҳамкории самаранок;
  • Малакаи кор бо компютер (MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point);
  • Ба номзадоне, ки собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия доранд ва дорои сертификати авиатсионӣ мебошанд, афзалият дода мешавад; 
  • Донистани муқаддасоти миллӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.

 

Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд. 

 

Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба озмун даъват карда мешаванд.

The vacancy is valid until: 30-03-2026
Tel: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com