Somon Air
Main menu
>
About us
>
Vacancies

Мутахассиси хадамоти интиқоли борҳо

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи мутахассиси хадамоти интиқоли борҳо озмун эълон менамояд.

Талаботҳои тахассусии довталабон барои ишғоли мансаб:

  • - Маълумоти олӣ;
  • - Шаҳодатномаи брокери гумрукӣ (ҳатмӣ);
  • - Таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи тиҷорат ва ё гумрук (ба таҷрибаи корӣ дар соҳаи авиатсия афзалият дода мешавад);
  • - Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳадди ақал дараҷаи В1 intermediate);
  • - Масъулиятшиносӣ, омодагӣ ба ҷадвали ғайримуқаррарӣ;
  • - Қобилияти таҳлилӣ, донистани асосҳои иқтисодиёт;
  • - Огоҳ будан аз қоидаҳои гумрукӣ ва талаботи воридоту содирот;
  • - Боинтизомӣ, мавҷудияти малакаи хуби муошират ва фаъолияти дастаҷамъӣ;
  • - Малакаи кор бо компютер (MS Word, Excel, Outlook, Power Point), малакаи омода кардани ҳисоботҳо;
  • - Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии ҶТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон.

Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” – шӯъбаи кадрҳо ва ё бо таври электронӣ (дар шакли PDF) ба суроғаи Ҷамъият (hr@somonair.com; info@somonair.com) пешниҳод намоянд.

  • - Резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ;
  • - Нусхаи шиноснома, диплом, сертификатҳо (дар шакли PDF).

Барои суҳбат танҳо довталабоне, ки ба талаботи тахассусӣ мувофиқ ҳастанд, даъват карда мешаванд.

The vacancy is valid until: 20-08-2025
Tel: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55
Email: hr@somonair.com; info@somonair.com