Выберите ваш язык
Главное меню
>
О компании
>
Вакансии
Мутахассиси хадамоти интиқоли борҳо
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи мутахассиси хадамоти интиқоли борҳо озмун эълон менамояд.
Талаботҳои тахассусии довталабон барои ишғоли мансаб:
- - Маълумоти олӣ;
- - Шаҳодатномаи брокери гумрукӣ (ҳатмӣ);
- - Таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи тиҷорат ва ё гумрук (ба таҷрибаи корӣ дар соҳаи авиатсия афзалият дода мешавад);
- - Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳадди ақал дараҷаи В1 intermediate);
- - Масъулиятшиносӣ, омодагӣ ба ҷадвали ғайримуқаррарӣ;
- - Қобилияти таҳлилӣ, донистани асосҳои иқтисодиёт;
- - Огоҳ будан аз қоидаҳои гумрукӣ ва талаботи воридоту содирот;
- - Боинтизомӣ, мавҷудияти малакаи хуби муошират ва фаъолияти дастаҷамъӣ;
- - Малакаи кор бо компютер (MS Word, Excel, Outlook, Power Point), малакаи омода кардани ҳисоботҳо;
- - Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии ҶТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон.
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” – шӯъбаи кадрҳо ва ё бо таври электронӣ (дар шакли PDF) ба суроғаи Ҷамъият (hr@somonair.com; info@somonair.com) пешниҳод намоянд.
- - Резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ;
- - Нусхаи шиноснома, диплом, сертификатҳо (дар шакли PDF).
Барои суҳбат танҳо довталабоне, ки ба талаботи тахассусӣ мувофиқ ҳастанд, даъват карда мешаванд.
Вакансия актуальна до: 20-08-2025
Контактный телефон: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55
Email: hr@somonair.com; info@somonair.com