Somon Air
Main menu
>
About us
>
Vacancies

Муҳосиб ва мутахассис

Талабот ба довталабон:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • Собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи муҳосибӣ;
  • Таҷрибаи кории мукаммал аз рӯи барномаи муҳосибии 1С;
  • Дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • Малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ;
  • Қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисоботҳо, ҷадвалҳо ва диаграммаҳо;
  • Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • Малакаи хуби муошират ва қобилияти ба роҳ мондани ҳамкории самаранок;
  • Малакаи кор бо компютер (MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point);
  • Ба номзадоне, ки собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия доранд ва дорои сертификати муҳосиби касбӣ (CAP) мебошанд, афзалият дода мешавад; 
  • Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.

 

Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд. 

 

Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба озмун даъват карда мешаванд.

The vacancy is valid until: 30-03-2026
Tel: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com