Выберите ваш язык
Главное меню
>
О компании
>
Вакансии
Муҳосиб ва мутахассис
Талабот ба довталабон:
- Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- Собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи муҳосибӣ;
- Таҷрибаи кории мукаммал аз рӯи барномаи муҳосибии 1С;
- Дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- Малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ;
- Қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисоботҳо, ҷадвалҳо ва диаграммаҳо;
- Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
- Малакаи хуби муошират ва қобилияти ба роҳ мондани ҳамкории самаранок;
- Малакаи кор бо компютер (MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point);
- Ба номзадоне, ки собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия доранд ва дорои сертификати муҳосиби касбӣ (CAP) мебошанд, афзалият дода мешавад;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба озмун даъват карда мешаванд.
Вакансия актуальна до: 30-03-2026
Контактный телефон: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com