Выберите ваш язык
Главное меню
>
О компании
>
Вакансии
Сармутахассис тафтишотчӣ - назоратчии Департаменти аудит ва назорати дохилӣ
Талабот ба довталабон:
- Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- Таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар самти аудит, назорати дохилӣ ё тафтишоти молиявӣ;
- Дониши мукаммали стандартҳои байналмилалии аудит (ISA), стандартҳои назорати дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IFRS);
- Қобилияти таҳияи ҳисоботҳои аудитӣ, гузоришҳои назоратӣ ва таҳлилии касбӣ;
- Дониши хуби қонунгузории Тоҷикистон оид ба фаъолияти молиявӣ ва авиатсионӣ;
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ-ҳатмӣ, донистани забони англисӣ- афзалият дорад;
- Малакаи хуби муошират;
- Малакаи хуби кор бо компютер ва барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point, инчунин истифодаи интернет ва омода кардани ҳисоботҳо;
- Доштани сертификатҳо ва курсҳои тахассусӣ дар соҳаи аудит ва назорат (масалан, CIA, ACCA) афзалият дода мешавад;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, барои озмун даъват карда мешаванд.
Вакансия актуальна до: 20-03-2026
Контактный телефон: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com