Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
Дар бораи мо
>
Ҷойҳои кории холӣ

Сармутахассис тафтишотчӣ - назоратчии Департаменти аудит ва назорати дохилӣ

Талабот ба довталабон:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • Таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар самти аудит, назорати дохилӣ ё тафтишоти молиявӣ;
  • Дониши мукаммали стандартҳои байналмилалии аудит (ISA), стандартҳои назорати дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IFRS); 
  • Қобилияти таҳияи ҳисоботҳои аудитӣ, гузоришҳои назоратӣ ва таҳлилии касбӣ;
  • Дониши хуби қонунгузории Тоҷикистон оид ба фаъолияти молиявӣ ва авиатсионӣ;
  • Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ-ҳатмӣ, донистани забони англисӣ- афзалият дорад;
  • Малакаи хуби муошират;
  • Малакаи хуби кор бо компютер ва барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point, инчунин истифодаи интернет ва омода кардани ҳисоботҳо;
  • Доштани сертификатҳо ва курсҳои тахассусӣ дар соҳаи аудит ва назорат (масалан, CIA, ACCA) афзалият дода мешавад; 
  • Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.

 

Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд.

 

Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, барои озмун даъват карда мешаванд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 20-03-2026
Телефон барои тамос: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com