15 майи соли 2026 вохӯрии судманд байни роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ҳайати ширкати Boeing баргузор гардид
15 майи соли 2026 вохӯрии судманд байни роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ҳайати ширкати Boeing баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои асосии вобаста ба истифода додани ҳавопаймоҳои нави Boeing 737 MAX 8-ро, ки дар моҳҳои июл-августи соли 2026 ба Тоҷикистон ворид мешаванд, баррасӣ намуданд.
Диққати махсус ба “operational excellence” - маҷмӯи тадбирҳо оиди баланд бардоштани самаранокии амалиёт ва беҳтар намудани фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ дода шуд.
Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониро ба мусофирон беҳтар гардонида, шабакаи хатсайрҳои худро васеъ намояд ва мавқеи худро дар бозори минтақавии авиатсияи гражданӣ мустаҳкам намояд.