Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
>
Имрӯз мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр бо Сафири Фвқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак бин Абдурраҳмон Ал-Наср доир гардид

Имрӯз мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр бо Сафири Фвқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак бин Абдурраҳмон Ал-Наср доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла аз нав барқарор намудани парвозҳои ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки барқарор намудани парвозҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Доҳа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат ба ҳисоб рафта, рушди алоқаи ҳавоӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи ҳамкориҳои минбаъда баргузории мулоқотҳо бо намояндагони корхонаҳои авиатсионии Қатар, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии Qatar Airways, ҷиҳати баррасии самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсия ва сайёҳӣ иброз намуданд.