ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ “СОМОН ЭЙР” БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ AJW GROUP МУЗОКИРОТ ГУЗАРОНД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо роҳбарияти ширкати байналмилалии AJW Group (United Kingdom), ки дар соҳаи таъминоти қисмҳои эҳтиётии авиатсионӣ, хизматрасониҳои техникӣ ва идоракуни силсилаи таъминот яке аз пешсафон ба шумор меравад, музокирот баргузор намуд.
Дар рафти музокирот самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои он, инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди истифодаи самараноки фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ширкати AJW Group, ки дорои таҷрибаи 90 сола буда, зиёда аз 1000 ширкати ҳавопаймоиро дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон дастгирӣ мекунад, қарори худро, ки барои коҳиш додани хароҷот ва таъмини мунтазами хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо нигаронида шудааст, пешниҳод намуд.
Вохурӣ дар фазои корӣ ва созанда баргузор гардид. Ҷонибҳо манфиатдории мутақобилан судманди худро дар рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ, изҳор намуданд.