Somon Air
Менюи асосӣ
>
>
СОМОН ЭЙР БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ GALLAGHER INSURANCE - ЯКЕ АЗ БУЗУРГТАРИН БРОКЕРҲОИ СУҒУРТА ДАР ҶАҲОН ВОХУРӢ БАРГУЗОР НАМУД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо намояндагони Gallagher Insurance (United Kingdom) – яке аз бузургтарин ширкатҳои брокерии байналмилалӣ дар соҳаи суғуртакунӣ, вохӯрии корӣ баргузор намуд.

Дар рафти гуфтушунид масъалаҳои вобаста ба нав кардани полиси суғурта дар низоми суғуртаи байналмилалии суғуртакунии Lloyd’s of London, инчунин вазъи ҷории бозори ҷаҳонии суғурта муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо ба шарт ва муҳлати дароз намудани суғуртаи байналмилалии ҳавопаймоҳо барои соли 2026 таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ҳамкорӣ бо Gallagher Insurance унсури муҳими таъмини боэътимоди суғуртаи парки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” буда, ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ мутобиқ мебошад.