Забонро интихоб намоед
Менюи асосӣ
>
>
ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи Роҳбалад дар пойгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд озмун эълон менамояд
ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи Роҳбалад дар пойгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд озмун эълон менамояд
ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи Роҳбалад дар пойгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд озмун эълон менамояд.
Талаботҳои тахассусӣ ба вазифаи роҳбалад:
- Синну сол аз 18 то 27 сола;
- Доштани маҳорати шиноварӣ;
- Доштани саломатии хуб ва омодагии ҷисмонӣ;
- Қаду қомат – на камтар аз 1.65м;
- Донистани забони давлатӣ, инчунин забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳадди ақал дараҷаи intermediate). Ба донистани забонҳои хориҷии иловагӣ афзалият дода мешавад;
- Доштани малакаҳои хуби муошират ва хизматрасонӣ ба мусофирон, инчунин маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар коллектив ҳангоми татбиқи манфиатҳои хизматӣ;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, инчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ба доштани маълумоти олӣ ва таҷриба дар соҳаи авиатсия афзалият дода мешавад.
Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Довталабон бояд маълумотномаи пурраи (резюме) худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 1 акси рангаи портретӣ (бо намоиши қади пурра) ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо — то 10-уми феврали соли 2026.
Танҳо номзадоне, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, барои арзёбӣ ва суҳбат даъват карда мешаванд.
Маълумоти тамос:
Нишонӣ: 734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40
Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.
Почтаи электронӣ: hr@somonair.com