Забонро интихоб намоед
Ҷойҳои холӣ дар Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ
Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр барои ишғоли вазифаҳои зерин дар Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ озмун эълон менамояд:
- Диспетчери ҳаракати ҳавоӣ;
- Мутахассис оид ба таъмини парвозҳо;
- Мутахассис – супервайзер дар ФБ Душанбе ва Хуҷанд;
Талабот ба довталабон
- Маълумоти олӣ ё миёнаи касбӣ (соҳаи авиатсия, техникӣ, навигатсия, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ);
- Собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи авиатсия;
- Доштани шаҳодатнома / литсензияи диспетчери парвоз (Flight Dispatcher / Flight Operations Officer);
- Доштани малакаи хуби банақшагирии парвозҳо, таҳлили шароити обу ҳаво, ҳисобкунии хусусиятҳои парвозу фуруд дар фурудгоҳҳо, кор бо системаҳои навигатсионӣ ва метеорологӣ, назорати иҷрои парвоз ва қабули қарорҳо дар ҳолатҳои ғайристандартӣ;
- Донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
- Малакаи хуби муошират ва қобилияти ба роҳ мондани ҳамкории самаранок;
- Малакаи кор бо компютер (MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point);
- Ба номзадоне, ки собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия доранд ва дорои сертификати авиатсионӣ мебошанд, афзалият дода мешавад;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: то 30 марти соли 2026.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба озмун даъват карда мешаванд.
Маълумоти тамос:
Нишонӣ: 734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40
Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.
Почтаи электронӣ: hr@somonair.com