Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
>
ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ СОМОН ЭЙР БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ROLLS-ROYCE ВОХӮРӢ БАРГУЗОР НАМУД

ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ СОМОН ЭЙР БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ROLLS-ROYCE ВОХӮРӢ БАРГУЗОР НАМУД

ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ СОМОН ЭЙР БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ROLLS-ROYCE ВОХӮРӢ БАРГУЗОР НАМУД

1-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо намояндагони ширкати Rolls-Royce (United Kingdom) баргузор гардид.

Дар доираи вохӯрӣ намояндагони Rolls-Royce — Алексей Рыков ва Тайеб Бен Сгайер — имкониятҳо ва технологияҳои муосири ширкатро дар самти муҳарриксозии авиатсионӣ муаррифӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди парки ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла истифодаи ҳавопаймоҳои васеъфюзеляжӣ, хосса Boeing 787-9 Dreamliner, равона гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла самтҳои эҳтимолии ҳамкориро дар доираи рушди минбаъдаи ширкати ҳавопаймоӣ баррасӣ карданд.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҷиҳати ҳамкориҳо ба ширкатҳои пешсафи байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти худ пайваста кор мекунад.