Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
>
ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои ишғоли вазифаи Муҳосиб ва мутахассис дар Шуъбаи таҳлил ва иқтисоди Департаменти молия озмун эълон менамояд

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои ишғоли вазифаи Муҳосиб ва мутахассис дар Шуъбаи таҳлил ва иқтисоди Департаменти молия озмун эълон менамояд

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои ишғоли вазифаи Муҳосиб ва мутахассис дар Шуъбаи таҳлил ва иқтисоди Департаменти молия озмун эълон менамояд

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои ишғоли вазифаи Муҳосиб ва мутахассис дар Шуъбаи таҳлил ва иқтисоди Департаменти молия озмун эълон менамояд.

 

Талабот ба довталабон:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • Собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи муҳосибӣ;
  • Таҷрибаи кории мукаммал аз рӯи барномаи муҳосибии 1С;
  • Дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • Малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ;
  • Қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисоботҳо, ҷадвалҳо ва диаграммаҳо;
  • Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • Малакаи хуби муошират ва қобилияти ба роҳ мондани ҳамкории самаранок;
  • Малакаи кор бо компютер (MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point);
  • Ба номзадоне, ки собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия доранд ва дорои сертификати муҳосиби касбӣ (CAP) мебошанд, афзалият дода мешавад; 
  • Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.

 

Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд. 

 

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: то 30 марти соли 2026.

 

Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба озмун даъват карда мешаванд.

 

Маълумоти тамос:

Нишонӣ: 734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40

Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.

Почтаи электронӣ: hr@somonair.com