Забонро интихоб намоед
Менюи асосӣ
>
>
Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр барои ҷойҳои холӣ дар Департаменти инжиниринг ва хизматрасонии техникӣ озмун эълон менамояд
Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр барои ҷойҳои холӣ дар Департаменти инжиниринг ва хизматрасонии техникӣ озмун эълон менамояд
ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
- Мутахассис оид ба таҷҳизоти муҳаррики ҳавопаймо;
- Муҳандис оид ба планер ва системаҳои ҳавопаймо;
- Муҳандис оид ба авионика;
- Муҳандис оид ба эътимоднокӣ;
- Муҳандиси барномаҳои рақами (E-Enabling);
- Авиатехники В1/В2 787, 737;
- Муҳандис оид ба назорати сифат.
Талабот ба довталабон:
- Маълумоти олии авиатсионӣ ё миёнаи махсуси техникӣ дар соҳаи авиатсия (авиатехника, муҳандисӣ).
- Шаҳодатномаи амалкунандаи B1 ва/ё B2 мутобиқ ба талаботи авиатсияи гражданӣ (Part-66) афзалият дода мешавад.
- Таҷрибаи корӣ на камтар аз 1–3 сол дар нигоҳдории хаттӣ (Line Maintenance) ё пойгоҳӣ (Base Maintenance).
- Донистани талаботи меъёрӣ оид ба нигоҳдории қобилияти парвоз (Airworthiness).
- Дониши хуби ҳуҷҷатҳои техникӣ ва таҷрибаи кор бо онҳо.
- Донистани забони англисӣ на камтар аз сатҳи Intermediate (барои хондан ва кор бо ҳуҷҷатҳои техникӣ).
- Доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи авиатсия (афзалият дорад).
- Доштани омӯзишҳо, тренингҳо ва иҷозатномаҳои дахлдор (афзалият дорад).
- Қобилияти таҳлил, кор бо маълумоти техникӣ ва таҳияи ҳисоботҳо.
- Назорати қобилияти парвози ҳавопаймо, муҳаррикҳо ва системаҳои он.
- Татбиқи дастурҳои қобилияти парвоз (AD), бюллетенҳои хизматрасонӣ (SB) ва дигар талаботи ҳатмӣ.
- Мониторинги ҳолати техникӣ ва нишондиҳандаҳои боэътимодӣ.
- Иштирок дар таҳия ва такмили барномаи хизматрасонии техникӣ.
- Дастгирии техникӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои таъмирӣ ва истеҳсолкунандагон.
- Омода намудани ҳисоботҳо ва мавод барои аудитҳои дохилӣ ва берунӣ.
- Иҷрои корҳои хизматрасонии техникӣ дар доираи тахассус.
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com бо формати pdf пешниҳод намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: то 30 марти соли 2026.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, барои озмун даъват карда мешаванд.
Маълумоти тамос:
Нишонӣ: 734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40
Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.
Почтаи электронӣ: hr@somonair.com