ДАР ДУШАНБЕ МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ СОМОН ЭЙР ВА XINJIANG AIRPORT GROUP CO., LTD БАРГУЗОР ГАРДИД
27-уми майи соли 2025 дар саридораи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" вохӯрии роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ бо роҳбарияти ширкати Xinjiang Airport Group Co., LTD (ҶХХ) баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии бозори хизматрасониҳои байналмилалии авиатсионӣ, аз ҷумла байни Шинҷон ва кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Мақсади сафари ҳайати хитойӣ омӯзиши дурнамои ҳамкории мутақобилан муфид, инчунин гузаронидани муколамаи амиқ оид ба масъалаҳои рушди алоқаи ҳавоӣ ва тавсеаи шабакаи парвозҳо байни шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрҳои ноҳияи мухтори Шинҷон - Уйғури Ҷумҳурии халқии Хитой буд.
Xinjiang Airport Group Co., LTD-ро дар вохӯрӣ менеҷери генералӣ Лю Хуэйбин ва директор оид ба маркетинг Чжан Цзюн намояндагӣ карданд. Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ, ки ба густариши робитаҳои нақлиётии Тоҷикистону Хитой, инчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард, изҳори таваҷҷӯҳ намуданд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр” ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ диққати хоса дода, азм дорад ба ин тариқ барои мусофирон имкониятҳои нав фароҳам оварда, мавқеи Тоҷикистонро дар бозори авиатсионии ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд.
Xinjiang Airport Group Co., Ltd. ширкатест, ки фурудгоҳҳои шаҳрвандиро дар Шинҷони Ҷумҳурии Халқии Хитой идора менамояд ва ба ҳолати соли 2024 таҳти идораи ин ширкат 26 фурудгоҳ, аз ҷумла фурудгоҳҳои байналмилалии Урумчӣ ва Қошғар қарор доранд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст. Дар айни замон "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Миср, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.