Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
>
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо сафорати Британияи Кабир ҳамории эҳтимолиро баррасӣ намуд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо сафорати Британияи Кабир ҳамории эҳтимолиро баррасӣ намуд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо сафорати Британияи Кабир ҳамории эҳтимолиро баррасӣ намуд

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар санаи 25 ноябр бо Зинат Ханче, муовини роҳбари намояндагии сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот диққати асосӣ ба ҳамкории Британияи Кабир ва Тоҷикистон оид ба як қатор масъалаҳои вобаста ба соҳаи авиатсия равона гардид, ки барои ҳар ду ҷониб манфиатовар мебошанд. Аз ҷумла масъалаи имконияти кушодани хатсайри мустақим байни Душанбе ва Лондон баррасӣ гардид, ки метавонад дар рушди сайёҳӣ байни кишварҳо мусоидат намояд, бахусус дар ҳолати содда гардонидани расмиёти раводид. Илова бар ин, хонум Ханче қайд намуданд, ки ширкатҳои британӣ, ки дар соҳаи авиатсия фаъолият мекунанд, имкониятҳои пешбурди тиҷоратро дар Тоҷикистон омӯхта истодаанд, аз он ҷумла, масъалаи дастгирии эҳтимолӣ бо роҳи маблағгузории содиротии Британияи Кабир, инчунин таъмини муҳаррикҳои Rolls-Royce барои ҳавопаймоҳои нави Boeing 787 Dreamliner.