Нишасти Матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи авиатсия барои соли 2025
28 январи соли 2026 нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи авиатсия дар соли 2025 бахшида шуда буд.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух дода, иттилоъ доданд, ки дар соли ҷорӣ воридшавии ду ҳавопаймои нави навъи Boeing 737 MAX 8 дар назар аст. Интизор меравад, ки васеъ гардидани парки ҳавопаймоӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ имкон медиҳад шумораи парвозҳоро зиёд намуда, дар натиҷа дастрасии интиқоли авиатсионӣ барои ҳамватанони мо боз ҳам беҳтар гардад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо корпоратсияи Boeing оид ба хариди минбаъдаи 10 ҳавопаймои камғунҷоиш ва 4 ҳавопаймои ғунҷоишашон васеъ дурпарвоз Созишномаи бузурги таърихӣ ба имзо расидааст. Татбиқи созишномаи мазкур дар доираи стратегияҳои давлатии рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ба масъалаи дастрасии нақлиёти дохилӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ният дорад шумораи парвозҳоро байни пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳри Хуҷанд, махсусан дар давраи зимистон, афзоиш диҳад.
Илова бар ин, дар панҷ соли наздик ширкати ҳавопайоӣ тасмим гирифтааст шумораи ҳавопаймоҳои худро то 14 адад расонад, аз ҷумла бо хариди ҳавопаймоҳои минтақавӣ. Ин иқдом имкон медиҳад парвозҳо ба шаҳри Хуҷанд бештар гардида, робитаҳои ҳавоӣ бо кишварҳои ҳамсоя васеъ шаванд ва арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар ин самтҳо барои мусофирон дастрастар гардад.