Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
>
Кумаки хайриявии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд

Кумаки хайриявии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд

Кумаки хайриявии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд

ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар доираи масъулияти иҷтимоии корпоративӣ ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 № АП-159 иқдоми навбатии хайриявиро амалӣ намуд.

24 марти соли 2026 як гурӯҳ иборат аз 30 нафар, аз ҷумла кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо, ҷиҳати гирифтани табобат ба шаҳри Хуҷанд равона гардиданд. Бо мусоидати ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» парвоз дар масири Душанбе – Хуҷанд – Душанбе барои иштирокчиёни сафар таъмин гардида, барои дастрасии саривақтии кӯдакон ба хизматрасониҳои тиббӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, миёни кӯдакон нафароне ҳастанд, ки ба бемориҳое чун полиомиелит, фалаҷ ва синдроми Даун мубтало буда, ба табобати мунтазам ниёз доранд.

Қобили зикр аст, ки чунин дастгирӣ ҳамасола амалӣ гардида, ба таъмини дастрасии кӯдакон ба табобати зарурӣ мусоидат менамояд.

Иқдоми мазкур ба дастгирии иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа равона гардида, таҷассумгари арзишҳои инсонпарварӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас мебошад.

Интизор меравад, ки кӯдакон пас аз анҷоми давраи табобат санаи 3 апрели соли 2026 ба шаҳри Душанбе баргарданд.

Чунин иқдомҳо имкониятҳои воқеиро барои гирифтани табобати зарурӣ фароҳам оварда, ба густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ барои кӯдаконе, ки ба дастгирии мунтазам ниёз доранд, мусоидат менамоянд.